Аз сари кӯии ту ҳар кӯ ба малолат баравад
Наравад корашу охир ба хиҷолат баравад
Корвонӣ ки буд бадарғааш ҳифзи худо
Ба таҷаммул биншинад ба ҷалолат баравад
Солик аз нури ҳидояти бабради роҳ ба дӯст
Ки ба ҷое нарасадгар ба залолат баравад
Коми худ охири умр аз май ва маъшӯқ бигир
Ҳайфи авқот ки як сар ба битолат баравад
эй далели дили гмгштаҳи худоро маддӣ
Ки ғариб ар набарди раҳ , ба далолат баравад
Ҳукми мастурӣу мастии ҳама бар хотамат аст
Кас надонист ки охир ба чаҳ ҳолат баравад
Ҳофиз аз чашмаи ҳикмат ба кафовар ҷомӣ
Бӯ ки аз лавҳи дилати нақш ҷаҳолат баравад