Мо дарси саҳар дар раҳ майхона ниҳодем

Маҳсӯли дуо дар раҳ ҷонона ниҳодем

Дар хирмани сад зоҳид оқил занад оташ

Ин доғ ки мо бар дил девона ниҳодем

Султони азали ганҷи ғами ишқ ба мо дод

То рӯй дар ин манзил вайрона ниҳодем

Дар дил надаҳум раҳи пас аз ин меҳр батон ро

Меҳри лаб ӯ бар дар ин хона ниҳодем

Дар хирқа аз ин беш мунофиқ натавон буд

Бунёд аз ин шева риндона ниҳодем

Чун меравад ин киштии саргашта ки охир

Ҷон дар сари он гавҳари як дона ниҳодем

Алмнаҳи ллаҳ ки чу мо бедилу дайн буд

Онро ки лақаби оқил ва фарзона ниҳодем

Қонеъ ба хаёлии зи ту будем чу ҳофиз

ё раб чаҳ гдоҳмт ва бегона ниҳодем