Гулбаргро зи сунбули мишкӣн ниқоб кун

Яъне ки рух бапушу ҷаҳонӣ хароб кун

БФшони арақи зи чеҳрау атрофи боғ ро

Чун шишаҳои дидаи мо пургулоб кун

Айёми гул чу умр ба рафтан шитоб кард

Соқӣ ба даври бодаи гулгун шитоб кун

Бигушо ба шеваи наргиси пурхоби маст ро

Вази рашки чашми наргиси раъно ба хоб кун

Буи бунафша бишинаву зулфнигор гир

Бингар ба ранги лолау азм шароб кун

Зонҷо ки расму одати ошиқ кашӣ туаст

Бо душманони қадаҳи каш ва бо мо итоб кун

Ҳамчун ҳубоби дида ба рӯй қадаҳи гушой

Венаи хонаро қиёси асос аз ҳубоб кун

Ҳофизи висол май талабад аз раҳи дуо

ё раби дуои хастаи дилон мустаҷоб кун