Субҳаст соқиои қадаҳӣ пуршароб кун
Даври фалак диранг надорад шитоб кун
Зон пештар ки олам фонӣ шавад хароб
Моро зи ҷоми бодаи гулгун хароб кун
Хуршед май зи машриқи соғар тулӯъ кард
Гар барги айш май талабии тарк хоб кун
Рӯзӣ ки чарх аз гули мо кӯза ҳо кунад
Зинҳори косаи сари мо пуршароб кун
Мо марди зуҳду тавба ва томот нестем
Бо мо ба ҷоми бодаи софӣ хитоб кун
Кори савоб бода парастӣаст ҳоФзо
Бархезу азми ҷузам ба кор савоб кун