эй хунбҳоии нофаи чини хоки роҳи ту

Хуршеди сояпарвар тарафи кулоҳи ту

Наргиси киришма май барад аз ҳади буруни хиром

эй ман фидои шеваи чашми сиёҳи ту

Хӯнам бихӯр ки ҳеҷ малик бо чунон ҷамол

Аз дил наёядаш ки нависад гуноҳи ту

Орому хоби халқи ҷаҳонро сабаби туе

Зон шуд канори дидау дили такяи гоҳи ту

Бо ҳар ситорае сар ва кораст ҳар шабам

Аз ҳасрати фурӯғи рухи ҳамчуи моҳи ту

Ёрон ҳамнишин ҳама аз ҳам ҷудо шуданд

Моиему остонаи давлати паноҳи ту

Ҳофиз тамаъ мабар зи аноят ки оқибат

Оташ занад ба хирмани ғами дӯди оҳи ту