Мутриби хуш наво бигӯ тоза ба тозаи нав ба нав

Бода длгшо биҷӯ тоза ба тозаи нав ба нав

Бо санамӣ чу лъбтӣ хуш биншин ба хилватӣ

Бӯсаи ситон ба орзӯи тоза ба тозаи нав ба нав

Бар зи ҳаёт кӣ хуригар на мудом май хурӣ

Бода бихӯр ба ёд ӯ тоза ба тозаи нав ба нав

Шоҳиди дилрабоӣ ман мекунад аз барои ман

Нақш ванигору рангу бӯи тоза ба тозаи нав ба нав

Боди сабо чу бигузарӣ бар сари кӯии он парӣ

Қисса ҳофизаш бигӯ тоза ба тозаи нав ба нав