Гар зулфи парешонат дар даст сабо уфтад
Ҳар ҷо ки дилӣ бошад дар дом бало уфтад
Мо киштии сабри худ дар баҳр ғам афкандем
То охир аз ин тӯфон ҳар таҳта куҷо уфтад
Ҳар кас ба тмноӣии фол аз рух ӯ гирад
Бар таҳтаи фирӯзӣ то қуръа кро уфтад
Гар зулфи сиёҳатро ман машк хто гуфтам
Дар тоб машав ҷоно дар гуфта хато уфтад
Охир чаҳ зиён уфтад султони мамолик ро
Кӯро назарии рӯзӣ бар ҳол гадо уфтад
Он бода ки дилҳоро аз ғам диҳад озодӣ
Пари хӯн ҷигар гардад чун давр ба мо уфтад
Аҳволи дили ҳофиз аз дасти ғами ҳиҷрон
Чун ошиқи саргардон каз дӯст ҷудо уфтад