Санҷанд агар қудрати ҳасанат ба тарозу

Сангинии олам будат вазни яке мӯ

Чашмон ва ду абрӯат ду шеранд ва ду шамшер

Ман шер надидам ки буд дар сифати оҳӯ

Симини зқнти гӯй буд зулфи ту чавгон

Пушти ҳама хам гашта чу чавгон бар он гӯ

Хӯни ҳамаи ушшоқ равон кард ва ҳадар дод

Чашмони сияҳи масти туу наргиси ҷодӯ

Дар илм буд фахр на дар , риши мтўл

Гирам гузарад риши авом аз сари зону

Риши барӣ аз донишу дасти тиҳӣ аз ҷӯад

Он риш чу ҷору буд он даст чу пору

Дунё набӯд як сари мӯи қобили тамҷид

Бигузар ту аз ин хираи сари нокаси ҷодӯ

Шаби мурғи ҳақами рӯзи намоянди кабӯтар

Пар карда ҷаҳонро ҳама аз ҳақи ҳақу ҳўҳў

Куку , ба лаби диҷлаи Бағдод ҳаме гуфт

Кӯи нағмаи Чингизӣу кӯи азми ҳлокў

« ҳоҷиб » хабар сулҳ диҳад дар васати ҷанг

Бо нағмаи музику дафу чангу пиёно