Дар он маҷлис ки ҳурмат нест май ро

Салои даҳ эй писари хубони рай ро

Майу мутриб дар ин маҷлис мубоҳ аст

Хабар кун соқии фархундаи пай ро

Ба раии хубони дареғ аз мо накарданд

Майу чангу рубобу авду не ро

Чунон доранд ёронам ки доранд

Бенот алнъши атрофи ҷаддӣ ро

Чаҳ сар дар бода ва ҷомаст зоҳид

Ки олам роғиб ҳастанд ин ду шайъ ро

Ба як ҷоми он чунонам маст гирданд

Ки бахшами тахту тоҷи ҷам ва кӣ ро

Ту аз акси руху зулфи офаридӣ

Ба ҳикмати нуру зулмати шамсу фӣ ро

Муаллим шуд ба илму ишқи ҷонон

Ки ин илму ҳунари омухти вай ро

Баҳори умрро , ҳаст аз қафо , дай

Ту кардӣ навбаҳории фасли дай ро

Бисоти ҳотами тай , тай нагардад

Агар дасти қазо тай кард тай ро

Карямонро нагирад , мӯати доман

Ки « ҳоҷиб » кард таии ин турфаи ҳӣ ро