Ёрб ин воқеа кӣ бар дил ман кард гузар

Ки базӯдӣ кунад он сангдили оҳанги сафар

Ҳаргизи ин қисса ки хондӣ ва ки кардӣ дар гӯш

Ҳаргизи ин ҳол ки гуфтӣ ва ки кардӣ бовар

эй фаромӯш шуда бар дили ту аҳди куҳан

Ёд кун охир аз он субҳат чун шеру шукр

Ёд буд он гуҳи меод ки ман будам ва ту

Ёди боди он шаб аз рӯзи ҷавонии хуштар

Алҳақ он ваъдаи васлат чаҳ накӯ кард вафо

ё зи он бастани аҳдат ки чаҳ хуш рафт ба сар

эй дареғи онҳамаи умеди ману ваъдаи ту

Ки на он кард вафо ва на азин дидам асар

Оҳ аз он қавлу қарорат ки хато буду хилоф

Оҳ аз он ваъдаи васлат ки ҳбо буду ҳадар

Тамаъи васл ту кардем ҳавас буду ҳўӣ

Дил ба меҳр ту супурдем хато буду хатар

Дар фироқи ту ҳар он шаб ки ба рӯз оварадам

Дида то рӯзи гирифтори сҳо буд сҳр

Нолау гиря чаҳ судаст чу тақдир расед

Инчунин рафт чу тадбири қазо буду қадар