Ҷоно ба сабӯҳ хуррамӣ кун
Бо мо ба нишот ҳамдамӣ кун
Айёми баҳор хуррам омад
эй боғи баҳор хуррамӣ кун
Як лаҳзаи фароғати дили хеш
Дар кори дили ман ғамӣ кун
Аз пардаи дарӣ чу субҳ то чанд
Икчнд чу шом муҳаррамӣ кун
Ман хоки раҳами ту офтобӣ
Охири назарии сӯй замӣ кун
ё чун парӣ аз назари ниҳони шӯ
ё майл ба хуй одамӣ кун
эй доруии дарди дардмандон
Бо ин дили риш марҳамӣ кун
На мардумӣ аз ҷаҳон барофтод
эй мардуми дида мардумӣ кун