Саҳн хулдаст замин аз асари даври замон

Ҳин бидиҳ бода ва дод тараб аз гули бустон

Аввали фасл рабиъаст сабӯҳ эй соқӣ

Тавба мон башикан аз он лаъли лабу лаъли равон

Ҳурмати кавсар агар чанд бузургаст валек

Лаби ҷӯйу лаби ҷому лаби ҷонон ба азон

Бандаи бодау бодам ки чу рӯҳанду ҳаёт

Волаи боғу баҳорам ки чу ҳуранду ҷинон

Дасти мо зини пасу ҷом май ва зулфин нигор

Дили мо зини пасу маддоҳии махдуми ҷаҳон

Ёвари дайни араби довару дорои аҷам

Тоҷи фарқи фалаку анҷуми соҳиби девон

Волии ҷяшу ҳашами қоиди шамшеру қалам

Меҳдӣ ҷамъамам оқилаи аҳли замон

ӯст он ёри хдоӣӣ ки чу дарбасти камар

ӯст он малики гшоӣӣ ки чу бикшод миён

Нафаси фитнаи бибандад ба сарангушти хирад

Дил халқӣ бигушоед ба ибороту баён