Дилбарӣ дорам ва ҳар кас ки буд ҳамномаш
Давлатӣ гардад ва аз бахт барояд комаш
Панҷ ҳарфасту шумориши сад ва панҷоҳ буд
Ба ҳисоби ҷамал ар ҷамъ кунӣ арқомаш
Чор аз он ҳаст яке ҷомаи дебои нафис
Ки маин ҳамаи афлок буд ҳамномаш
Қалби гардон ва бар ӯ сулси зи аслаши бФзоӣ
На дар оғоз вале дар васату анҷомаш
Гар надонист касе монад зи васлаши маҳрӯм
Вонкаҳ донист фитад мурғи ҳаво дар домаш