Чист эй шоҳи гунбади заррин
Ки дар ӯ панҷ чиз мавҷӯд аст
Буи ӯ рӯзи базми ёрон ро
Хуштар аз буии анбар ва авд аст
Андарунаш ба таъму ширинӣ
Беҳтар аз пораҳои мъқўд аст
Донаҳо кондрўст бо ҳамаи нафъ
Яке аз нақлҳои маъҳуд аст
Фазлаи тухм ӯ ба кор ояд
Гар аз ӯ дасти шӯй мақсӯд аст
Пӯсташи гӯсфандро алаф аст
Нест чизе дар ӯ ки мардӯд аст
Ғайр аз инҳо хавос ӯ дар тиб
Аз мудовоатҳои Маҳмӯд аст
Бо ҳамаи хосият ки ҳаст ӯ ро
Бандаи хоси об ънқўд аст