Бар даст кас уфтад чу ту ёрӣ нау ҳаргиз
Дар дом касе чун ту шикорӣ нау ҳаргиз
Рӯзам сияҳаст аз ғами ҳиҷрон буд оё
Чун рӯзи сиёҳами шаби торӣ нау ҳаргиз
Дар бодияи ишқу раҳи шавқи расонад
Озор ба ҳар пои сари хорӣ нау ҳаргиз
Гардун ситамгар кунад ин кор ки бошад ?
Ёрӣ ба муроди дили ёрӣ нау ҳаргиз
Дар хотири ҳотифи ҳамаи умр гузашта аст
Ҷузи ишқи ту андешаи корӣ нау ҳаргиз