Он камон абрӯ кунад чун майли тир андохтан

Новак ӯро нишон май бояд аз ҷони сохтан

Сарварон чун гӯ ба пой тавсанаш бозанад сар

Чун кунад он шаҳсавори оҳанги чавгон бохтан

Дод мазлӯмон бидиҳ то чанд эй бидодгар

Рахши бедоду ситам бар додхоҳон тохтан

Боғбон пардохт гулшанро , акнӯн бояд ба май

Дар чамани зи ойӣнаи дили занги ғами пардохтан

Созгорӣ чун надорад ёри ҳотиф боядат

зи оташи ғам сӯхтан бо сӯзи ҳиҷрони сохтан