Меҳри рухсору маи ҷабин шуда Эй

Офати дили балои дайн шуда Эй

Меҳру маро шикастае равнақ

Ғайрати ону рашки ин шуда Эй

Пеши азин дӯст будем аз меҳр

Душмани ман кунун зи кин шуда Эй

Ман чунонам ки пеш азин будам

Ту надонам чаро чунин шуда Эй

Нншстӣ чаро дамӣ бо ман

Гарна бо ғайр ҳамнишин шуда Эй

Дили з рашкам тапад чу бсмли боз

Баҳри сайдӣ ки дар камӣн шуда Эй

Ғазалӣ гуфтае дигар ҳотиф

Ки сазовори офарин шуда Эй