эй номи ту зинати забон ҳо
Ҳамди ту тарози достон ҳо
То доми кушод , чини зулфат
Афтод хароб , ошён ҳо
Дар рақс буд ба гирди шамъат
Фонӯси хаёли осмон ҳо
Бигушоӣ ниқоб то бароянд
Аз қолаби ҷисми тира , ҷон ҳо
Мақсади туе аз сулӯки олам
Шавқи ту далели корвон ҳо
Дар васфи камоли кибриёят
Абкм шудаи калаки нуктаи дон ҳо
Хомӯши ҳазин ки барнатобад
Афсонаи ишқро забон ҳо