Дар фатҳи боб майкада бошад кушоди мо
Сарф сабу шавад , ҳамаи хоки муроди мо
Дили ршиноси мусҳафи ҳасан батон набӯд
Шуд равшан аз ғубори хат ӯ саводи мо
Пиндоштам ки меҳри ту бо ҷон сиришта аст
Ҷон аз миёна рафт ва нарафтӣ зи ёди мо
Аз мабдаи фироқи ту дар айн барзахем
Боз омадан ба кӯй ту бошад маъоди мо
Афросйоби ғам чу ҳуҷум оварад ҳазин
Ҷамшед , ҷоми бодау хами киқбоди мо