Ишқат омехт ба дили дарди фаровонӣ ро
Рехт дар перҳанам , хор биёбоне ро
Ном парвона макун ёд ки нисбат набӯд
Бо ман сӯхтаи дил , сӯхтаи домоне ро
Ҳарчӣ хоҳӣ бикун , аз даврӣ дидор магӯ
Ваҳшат обод макун хотири вайронӣ ро
Ишқ дар дил чаҳ хаёласт ки пинҳон гардад ?
Парда пӯшӣ натавон , оташи сӯзоне ро
Ҳаркии осӯда хок аст барояд чу сапанд
Оҳ агар шарҳи даҳуми гармии ҷавлонӣ ро
Нозами ошуфтагии ишқ ки хуш ме созад
Бахти шӯридаи серум , турраи парешоне ро
Дастам аз домани дилдор ҷудо монад ҳазин
Чаҳ кунам гар накунам пора , гиребониро ?