Моро тани заъиф ба зиндон олам аст

Ин ҳам ки зиндаем зи дастон олам аст

Аз шӯриши ҷаҳони сари зулфи ҳавоси ман

Ошуфтатар зи ҳоли парешон олам аст

Комаш ба ғайри донаи дил ошно нашуд

Мӯри қаноатам , ки сулаймон олам аст

Номӯси рӯзгор ба гардан гирифта аст

Султони ғайритем , ки нигаҳбон олам аст

Савдои ишқ аз сари мо кам наме шавад

Занҷири зулф , силсилаи ҷунбон олам аст

Аз файзи хату холи ту эй нозанини ғизол

Калаками яке зи машки фурӯашон олам аст

Ҳаргиз мабанд дил ба фиреби ҷаҳони ҳазин

Дунёии сифла , душмани мардон олам аст