Кӣ дида танҳо чу дили оғишта ба хӯнаст ?
Сар то қадами мо чу дили оғишта ба хӯн аст
Моу ҳарами ишқ , ки аз гиряи аҳбоб
Девор ва дар онҷо , чу дили оғишта ба хӯн аст
Бозо ки марои дидаи ҷудои зи он гули ориз
Аз хори таманно , чу дили оғишта ба хӯн аст
Аз ҷӯши ғамати ҳавсила бар дард , камӣ кард
ӣнҷост ки дарё чу дили оғишта ба хӯн аст
зи он рахна ки афтода ба ҷайби маи канъон
Домони Зулайхо чу дили оғишта ба хӯн аст
Ин раҳм , ки омухти шикори афкани моро ?
Сартосари саҳро чу дили оғишта ба хӯн аст
Хомӯши ҳазин , каз нафаси синаи харошат
Маҷмӯъаи иншо , чу дили оғишта ба хӯн аст