Буии зулфӣ ба гиребони сабо рехта анд

Турфаи шурӣ ба димоғи дили мо рехта анд

Ба сари кӯии ту эй қиблаи арбоби ниёз

Нақши пешонии дил то ба само рехта анд

Сафҳаи хотир афлок надорад зи анҷум

ӣнқадари доғ ки дар синаи мо рехта анд

Коми бахашони ҷаҳон бо кафи файёз чу абр

Арақи шарм , ба домони гадо рехта анд

Дар биёбони муҳаббати ивази рбги равон

Пораҳои дили арбоби вафо рбхтаҳ анд

Рози кунин ҳазин , аз дил равшан пайдост

Тарҳи ин оинаро хуш ба сафо рехта анд