Ҳар сӯ ба ҷилваи барадӣ , сабру қарори дигар
Ҳар гӯша Эй фикандӣ , дар хӯни шикори дигар
Наргис агар чаҳ худро махмур май намояд
Чашми сиёҳи мастат , дорад хумори дигар
Ҳасанат ба кори ошиқи як мӯ накард тақсир
Абрӯ ба теғи бозӣ , мижгон ба кори дигар
Сад бор агар бирезӣ бо теғи ғамзаи хӯнам
Бозат ба маърази орм , ҷони фигори дигар
То чанд саргаронӣ , бо бедили ҳазинат ?
Хунаш тугар нарезӣ , ошиқи шикори дигар