Гар дар раҳи ишқи ту ба кораст дили мо
Дарёб ки баси зор ва назораст дили мо
Нагушӯд марои ғунча , сарангушти насимӣ
Гуё ки фаромӯш баҳораст дили мо
Дар хоки тапон , ғарқа ба хӯн , чок ба доман
Аз ғамзаи он шер шикораст , дили мо
Дили бурдани мо боиси мағрурӣ ӯ шуд
Ойӣнаи худбинӣ ёраст дили мо
Дерина буд , улфати девона ба занҷир
Бо силсилаи зулфи ту , ёраст дили мо
Гар сабр буд , дард ба дармон расад охир
Фарёд ки бесабр ва қарораст дили мо
эй гули ту агар аҳду вафо суст гирифтӣ
Ҳам бар сари он аҳд ва қарораст дили мо
эй шохи гул , аз орзӯии тўФи ҳаримат
Саргаштатар аз бод баҳораст дили мо
Зини ҷурм , ки шуд парда дар рози муҳаббат
Мансури сифат , бар сар дораст дили мо
Он мард набардем ки дар маъракаи ишқ
Бар мураккаби тавфиқ савораст дили мо
Дорем ҳазини ин ғазал аз файзи фиғонӣ
Ҳар ҷо ки равад , ҳамраҳ ёраст дили мо