эй силсилаи зулфи ту бар пои дили мо
Савдоеи холи ту , сувидои дили мо
Дорад ба гиребони таманно , гули умед
Аз хори раҳат , обилаи пои дили мо
Чун барги хазони дида ба ҳам рабт нагирад
Аз бас ки зи ҳам рехтаи аҷзои дили мо
Хунини ҷигари лолаи саҳрои ту Лайлӣ
Доғи ту , сияҳи хонаи саҳрои дили мо
Багушӯд зи гардани раги ҷон ва накушояд
Зуннори сари зулфи ту , тарсои дили мо
Бигушоӣ ҳазин , пардаи азин соз ки созад
Аз нола , неи калаки ту эҳёии дили мо