Ба як ?имаии абрӯи зинда ҷовид гардидам
Ишорати сӯй ман кардӣ ҳилол ид гардидам
Қадамгар ранҷа мегардад , ғуборӣ марҳамат фармо
Ба роҳи интизорати дида умед гардидам
Гулоб аз хуй ба меомехтӣ хӯнам ба ҷӯш омад
Ба хоками дарди ҷомии рехтӣ , ҷамшед гардидам
Баҳори ранги бастами дасти пурвирд хазон омад
Ба ҳар рангӣ ки бояд дар ҷаҳон гардид , гардидам
Гулӣ аз мазраъ ҳастӣ начедам ҷузи туҳидастӣ
Саҳоби раҳмататро озмудам , бед гардидам
Бар ман рутбаи дигар буд дар айби пӯшӣ ҳо
Басии ойӣнаи сон дар олам таҷред гардидам
Ҳазин , афтодагиҳо пояи миъроҷ рифъат шуд
Шудам то хоки раҳ ҳар зарраро , хуршед гардидам