Мӯсои сифат ба доғи зуҳӯр ту сӯхтем
Наздикӣу зи оташи давр ту сӯхтем
Бархест аз миёни ту ва ман ҳиҷоби тан
Ин хирқаро ба назри ҳузур ту сӯхтем
Вақтаст агар ба ҷилваи шабамро саҳар кунӣ
Умрӣ , чароғи дида , ба тавр ту сӯхтем
эй рӯзгор , айшу ғаматро асар якеаст
Чун шамъ , тан ба мотаму сур ту сӯхтем
Обӣ бар оташи дили сӯзон наме занӣ
эй соқии бало , зи ғурур ту сӯхтем
Бо хоксори худ ҳамаи нозӣу саркашӣ
эй шуълаи ху , зи табъи ғаюр ту сӯхтем
Аз ман бигӯ ба он санами саргарони ҳазин
Хуршеди ман , зи оташи давр ту сӯхтем