Хуши онкии хирқаи номӯсу нанг пора кунам
Ба ҷони ғуломии ринди шароб хора кунам
Ҳисорем ғами дунё ва охират дорад
Азин миёна ба мастии магар канора кунам
зи шишаи ғайрати хуршеду моҳро соқӣ
Ба ҷуръаи рез ки хӯн дар дил ситора кунам
Чаҳ хуш буд ки нишинӣ ва гул барафшонӣ
Пиёлаи нӯшам ва рӯй тўро назора кунам
Гирифтам онкӣ буд рӯзи адлу додрасӣ
Чигуна доғи ҷафои туро шумора кунам ?
Ба ҳашари ваъдаи дидор агар насиб шавад
Рухи ту байнаму зуннори куфр пора кунам
зи ишқи ман ба итобӣ , бинозам инсофат
Ба даст туаст гиребони дил , чаҳ чора кунам ?
Гузар ба майкадаам гар фитад зи худ гузарам
Ба рағми муддаӣони масте гузора кунам
Ба чораи дили сахти ту оҷизам варна
зи нолаи рахна ба бунёди санг хора кунам
Дар интизори висоли ту соъатии сад бор
Ба мусҳафи дили сӣ пора истихора кунам
Ҳазин агар талабади қиблаи дуои зоҳид
Ба тоқи абрӯии хубони шаҳр ишора кунам