Субҳи оинаи талъати некӯии ту дидем

Шаби гардаи гесуии самани буии ту дидем

На сарв шиносем дарин боғ , на шамшод

Мо ҷилва прессатон қади дилҷӯии ту дидем

То чашм кунад кори саводи ду ҷаҳон ро

Як гардишӣ аз наргиси ҷодӯии ту дидем

Ҷони матлаъи хуршеди ҷамол ту навиштем

Дили машриқи анвори ма рӯй ту дидем

Он рӯз ки по дар ҳарам ишқ ниҳодем

Сарҳо ҳамаро хоки сари кӯии ту дидем

Омад чу аён , нест дигар ҷои баён ро

Бастем забон , чашми сухани гӯии ту дидем

Пурвой ҷиҳат нест дили як ҷиҳатон ро

Дар ҳар ҷиҳатии қиблаи абрӯии ту дидем

Зон пеш ки дар зулфи таҷаллӣ шикан уфтад

Дилҳо ҳамаро дршкни мӯии ту дидем

Дар дайру ҳарами қиблаи мақсӯди туе ту

Зарроти ҷаҳонро ҳамаи рӯи сӯии ту дидем

Неи неи ғалатам , зарра чаҳу меҳр кадомаст ?

Мо ғайр надидем , аён рӯй ту дидем

Танҳо на ҳазинаст дарин боғи нўоснҷ

Ҳар барг ба гулбонги ҳаёҳӯии ту дидем