зи мастиҳои саҳбои азали майхонаи хешам

Чу чашми хуши нигоҳони сархуш аз паймонаи хешам

Таҷаллӣ карда дар ҷонами ҷамоли шуълаи рухсорӣ

зи имонам чаҳ пурсӣ ? габри оташи хонаи хешам

Дилам чун шуълаи ҷувола бо худ ишқ ме бозад

Чароғи хилвати хоси худу парвонаи хешам

Ба як аксаст чашм , ойӣнаи тасвирро доим

Ҳамин маҳви тамошои рухи ҷононаи хешам

Ба умеди асирӣ рафтаам аз худ биёбонҳо

Ба завқи ошноиҳои ӯ бегонаи хешам

Бурун аз ман набошад ҷилва гоҳе ҳақу ботил ро

Хароботи дилам , ҳам каъбаи ҳам бтхонаҳи хешам

Дили сад чокам ороед ҳавоси ошуфтагӣҳо ро

Ки ҳам зулфи парешони худ ва ҳам шонаи хешам

Фусунӣ аз нафас ҳар дам ба гӯшам мезанад ҳастӣ

Гарони болини хоби ғифлат аз афсонаи хешам

Шикастами қадари худро дар ҷаҳон аз хуши ънониҳо

Ман саргашта , оби Осиёи донаи хешам

Ба обои Фхркрдни кори кӯдак машрабон бошад

Фаромӯшаст дарси абҷади тифлонаи хешам

Хурӯши сина чун сайлоб дорад пои кўбонм

Трбнок аз самоъи нолаи мастонаи хешам

Ба мутриб нест ҳоҷат чун ҷараси шӯридаи мағзон ро

Фиғон хезаст девор ва дар кошонаи хешам

Ҳазин аз гӯшаи дили по бурун наниҳодаам ҳаргиз

Агар ганҷам агар девона , дар вайронаи хешам