Фоли фархундаи биёед ба дидор занем

Барқӣ аз шамъи таҷаллӣ ба шаб тор занем

Бар рух ғайр бабандем дар хилвати дил

Кӯрии муддаӣони бода асрор занем

Вар шавад дар сари мастии тиҳӣ аз бодаи каду

Шийъи аллоҳ ба дар хона хумор занем

Доғ ишқаст ки сармояи ороиши мост

Шамъи сони зотши дили лола ба дастор занем

Нохун аз баҳр харошидани дил дар кафи мост

Сина то ҳаст чаро теша ба кҳсор занем ?

Хомаи мо ба раги тори нафас мизроб аст

Даст то кор кунад захмаи барин тор занем

Дил чу саршор шавад аз ғами беҳудаи ҳазин

Вақт онаст ки паймона саршор занем