Ҳисоб аз сахтии ороми Фрсо барнаме дорам

Шарори осои сар аз болини хоро барнаме дорам

Марои таклиф маъмурӣ кунад Хизр ва наме донад

Ки осони даст аз домони саҳро барнаме дорам

Видоъ орзӯ кардам ки роҳи бихўдӣ тай шуд

Таҷарруди машрабами бори таманно барнаме дорам

Надорам огаҳӣ аз ҷилваҳои он сеӣ боло

Гарони хобам , ба маҳшари ҳам сар аз ҷо бар наме дорам

Кабоби тоқатам каз ҳмншинон мондаам танҳо

Сапанд аз базм оташ рафт ва ман по бар наме дорам

Ба дастам дар тариқати доман мақсад наме ояд

Агар дар остини хирқаи мино бар наме дорам

Ҳазини озодагиро , зоди раҳ , бояд сбкборӣ

Ба ғайр аз ибрат аз асбоби дунё барнаме дорам