Бе ту чисон ба сари баради ҷони умедвори ман ?

эй бути длФриби ман , сабри ману қарори ман

Гавҳари шоҳвори ман , мояи ифтихори ман

Боғи ману баҳори ман , роҳати рӯзгори ман

Ҷони ману ҷаҳони ман , амни ману амони ман

Айни ману аёни ман , сари ман , ошкори ман

Заҳри ғами ту дар ҷаҳони нӯшу нишоти хастагон

Талхи ту дар мазоқи ҷони бода ӣ хушгувори ман

Дили зи хаму сабуии ту , маст баҳоиу ҳўии ту

Мақсади дида рӯй ту ишқи ту ихтиёри ман

Сарвари сарфарози ман , мояи сӯзу сози ман

Дилбару длнўози ман , мӯнису ғмгсори ман

Дилбар бе назири ман , меҳри ту дар замири ман

Лутфи ту дастгири ман , хоряти эътибори ман

Дил ба ҳавоӣ рӯй ту , рафта ба ҷустуҷӯии ту

Монда дар орзӯии ту , дидаи ашкбори ман

Дӯш ки шамъи сони танами мояи ашку оҳ буд

Омад вкрди пурсишам , ҳуши рибонигор ман

Гуфт чигуна Эй бигӯ , дар ғами ман ҳазини ман ?

Бикси ман ғариби ман , хастаи сӯгвори ман

Гуфтам агар вафо кунӣ , ҳаст дар интизори ту

Синаи доғдори ман , хотир бе қарори ман