эй онкии ғам ҳҷркшидн натавонӣ

Тарсам ки Рахши бинӣ ва дидан натавонӣ

Сахтаст гирифторӣу овораге эй дил

Ваҳшат нагузорӣ ва рамидан натавонӣ

Бсмл шудӣ аз ҳиҷр ва ба ҷое нараседӣ

Аз заъфи чунонӣ ки тапидан натавонӣ

Дар доми ғам эй мурғи пару боли шикаста

Ороми надорӣ ва паридан натавонӣ

Бепарда гирифтам з дарат ёр дар омад

эй дида ҳайрат зада дидан натавонӣ

Маҳрӯми Не гарчи ҳазин аз май васлаш

Лаб бар лаби ҷомӣ ва чашедан натавонӣ