То шикан аз давр рӯзгор наёбӣ

Бор , дар он зулф тобдор наёбӣ

То назар аз коинот , бознгирӣ

Нашъаи он чашм пурхумор наёбӣ

То надиҳӣ синаро ба доғи муҳаббат

Рӯй дилӣ зон саман изор наёбӣ

Гулбуни айшат , шукуфтагӣ напазирад

То ба дил аз ишқ , хорхор наёбӣ

То дилат аз теғи ғамза , чок нагардад

Бӯе аз он зулф тобдор наёбӣ

То набарди шӯри ишқ , тобу шикебат

Роҳати дилҳои беқарор наёбӣ

Гар накунӣ сарф май парастӣу шодӣ

Нашъаи ин умр мустаъор наёбӣ

Сарсари ғамгар ба ҳам занад ду ҷаҳон ро

Дар дили озодагон , ғубор наёбӣ

То нФшонӣ ба хок , ҷоми ҳавас ро

Соғари ишқ аз каф нигор наёбӣ

То қадам аз сар чу офтоб насозӣ

Сояи он сарви пойдор , наёбӣ

То накашӣ сад ҳазор соғари хӯн ро

Чошнӣ лаъл мегусор наёбӣ

То накунӣ хеш , аз миёна ба як сӯ

Шоҳиди мақсӯд , дар канор наёбӣ

То нахурӣ захми теғи нози накӯён

Лиззати ҷону дил фигор наёбӣ

Гар кунад он шӯх , як киришма ба карт

Дасту дили хешро ба кор наёбӣ

Гар накашӣ хешро ба олами мастӣ

Муҳлатӣ аз даҳр бемадор наёбӣ

Дар хам чавгон фиканда , шаҳнаи ишқаш

Гар сари Мансурро ба дор наёбӣ

эй ки талабкори каъбае , ба ҳақиқат

Ҷузи дили дарвеши ҳақ шиор наёбӣ

эй ки задӣ роҳи хастагони муҳаббат

Дорам умедӣ , ки васл ёр наёбӣ

Рафтаи ҳазину азу ба сафҳаи даврон

Ҷузи сухани ишқ , ёдгор наёбӣ