зи доми турра , шиканҳои дилрабо бинмоӣ

Навозишӣ ба ман меҳнат озмо бинмоӣ

Ҳадиси наргиси маст ту мекунам , умрӣаст

зи як нигаҳ , гули сад гӯнаи марҳабо , бинмоӣ

Ҳазор уқда фузунаст , дар раги ҷонам

зи чини зулф , насими гиреҳи гшо , бинмоӣ

зи зуҳди хушк , ба тангаст хотирам , соқӣ

Ҳилоли абрӯии ҷоми ҷаҳони намо , бинмоӣ

Ба даври наргис ӯ , мӯҳтасиб , маранҷ аз ман

Ҷаҳонёни ҳамаи мустанад , порсо бинмоӣ

Алоҷи дарди ман аз пурсишии тавон кардан

Фусунӣ аз лаби лаъли киришма зо бинмоӣ

Ҳазин , чу ғунча , чаро меҳр бар даҳон задае ?

Тараннумӣ ба ҳазорон хўшнўо , бинмоӣ