эй шавқ , дар шиканҷаи дилҳо чигунае ?

Оҳ эй шарори шӯх , ба хоро чигунае ?

Дар пурсишат ба лаб нафасам метапад ба хӯн

эй моҳии бурӣдаи зи дарё чигунае ?

эй дил ки буд саҷдаи ?бирти фарқи офтоб

Дар зери дасти доғи сувидо чигунае ?

эй ҳиммати баланд ки гардун ба хок туаст

Дар зери бори миннат беҷо чигунае ?

Носозӣаст шеваи аҷзои рӯзгор

Бо як ҷаҳони аду , тан танҳо чигунае ?

Дар зулмати замона ки ҷаҳл офтоб ӯст

эй нури ақли дидаи бино чигунае ?

Доғии ҳазин ва аз ҷигарати дӯди брнхост

Дар оташ эй сапанди шикеб чигунае ?