намедонам чаҳ савдо дар сар махмур ме гардад

Ки доғам аз нигоҳи танги чашмон шӯр ме гардад

Агар ёбад касе аз вусъати ободи дил , огоҳӣ

Ба чашмаши домани саҳрои имкон гӯр ме гардад

Чаҳ шаҳдаст ин ки дар зери нигоҳ , эй рахнагар дорӣ ?

зи мижгони ту дилҳо хона занбӯр ме гардад