Сафои вақт , зи дилҳои беғубор биҷӯ

Тароват аз нафаси пок навбаҳор биҷӯ

Шикастаи ҳолу парешони дилу сияҳи бахтам

Маро ба ҳалқаи он зулф тобдор биҷӯ

Канори ҷадвалу ҷӯ , ҷои ташна комон аст

Лаби маро , ба лаби теғ обдор биҷӯ