Хуросони сина рӯй замин аз баҳр он омад
Ки ҷон омад дарав , яъне Убайдуллоҳ хон омад
Зиҳии хони ҳумоюни фар ки бар фарқи ҳумоюнаш
Пару бол эй давлат ӯ соябон омад
Шаҳаншоҳи фалаки маснад , ки баҳри хоби амн ӯ
Малик бар гӯшаи айвони кайвон посбон омад
Қавии дастӣ ки дар майдони ҳиммати панҷаи рустам
Ба пеш ӯ фарсӯдаи муштӣ устихон омад
Саманди тунди заррини наъл ӯ хуршедро монад
Ки аз машриқ ба мағриб рафт ва як шаб дар миён омад
Магар аз санг раъдаст оҳани пайкони хӯни резиш ?
Ки аз ҷо чун бархест бар душман гарон омад
Қирон карданд моҳу муштарӣ дар толеъи саъдаш
Ба ин толеъ чу хуршеди фалаки соҳиб қирон омад
Аё моҳи фалак қадре , ки баҳри побӯси ту
Ҳамаи рӯзи осмон бар остон омад
Назд мори сипеҳр ар фарқи душман бар замини яксон
БФоўти байн ки мо байни замин ва осмон омад
Амон дод аз карам то ҳар касе гардад бо ман дил
Биҳамдиллоҳ ! лутфаши мӯҷиби амн ва амон омад
Сифоти зоҳиру изҳор он кардам , хато буд ин
Баён кардам ҳадисӣ ки бар мардум аён омад
Забонро ҳеҷ нақсоне наомад андарин гуфтан
Вале чун дар забони як нуқта афзӯн шуд зиён омад
Ҳилолӣ гарчи умрӣ дар ба дар мешуд ба ҳар кӯе
Биҳамдиллоҳи охири бандаи ин остон омад