Ғам батон махӯр , эй дил , ки зор хоҳӣ шуд

Агар азизи ҷаҳонӣ , ту хор хоҳӣ шуд

Агар чу ман ҳаваси зулфи ёр хоҳӣ кард

зи ошиқони сияҳи рӯзгор хоҳӣ шуд

Ту аз тариқаи ёрӣ ҳамеша фориғ ва ман

Нишастаам бомидӣ ки ёр хоҳӣ шуд

Чу дар вафои туам , бар дилам ҷафо мапаснд

Ки пеши аҳли вафои шармсор хоҳӣ шуд

Кунун бҳсни ту кас нест аз ҳазор яке

Ту худ ҳануз яке аз ҳазор хоҳӣ шуд

зи фикри кори ҷаҳони бори ғам бсинаҳ манеҳ

Вагарна дар сари ин кору бор хоҳӣ шуд

Ҳилолӣ , аз паии он шаҳсавори тунди Марв

Ки норасида бигардаш ғубор хоҳӣ шуд