эй тири ғаматро дили ушшоқи нишона
Халқӣ ба ту машғӯл ва ту ғоиби зи миёна
Гуҳи мӯътакифи дайраму гуҳи сокини масҷид
Яъне ки туро май талабами хона ба хона
Ҳар кас ба забонии сифати мадҳ ту гуяд
Мутриб ба сурӯди неу булбул ба тарона
Ҳоҷӣ ба раҳи каъба ва ман толиби дидор
ӯ хона ҳаме ҷӯяд ва ман соҳиби хона
Мақсӯди ман аз каъбау бути хонаи туе , ту
Мақсӯди туе каъбау бути хонаи баҳона
Чун дар ҳамаи ҷои акси рухи ёр тавон дид
Девонаи ним ман , ки рӯми хона ба хона
Афсуни дил афсона ишқаст вагар не
Боқӣ ба ҷамолат ки фусунасту фасона
Тақсири ҳилолӣ ба умеди карами тест
Яъне ки гунаҳро ба азин нест баҳона