Подшоҳӣ ки ба шаби халқи ҷаҳонро хоб дод

Дасти сунъаши турра ӣ мишкӣни шабро тоб дод

Ҳар дам аз дорушшифои шавқ аз баҳри даво

Дардмандонро зи ҳикмати шукр ва унноб дод

Чун ба дасти сунъ худ хон карам ме густаред

Аз худовандии худ рӯзии шайх ва шоб дод

Абри эҳсонаш ки олам аз карам сероб кард

Ташнагони ишқро дарёӣ бепоёб дод

Андарин тоқи забарҷади ранг , яъне осмон

Дар шаби торики баҳри равшанӣ маҳтоб дод

Баҳри рӯзи дили фурӯзони машъал хуршед кард

Баҳри нур шаб нишинон партав маҳтоб дод

Шамъи ваҳдати коФтоб аз акси нураш равшан аст

Дар шаби торики ғам дар дашти маънӣ тоб дод

Боғро аз барқи хандони оташи андар дил фиканд

Доғро аз абри гирёни лؤлؤи хуш об дод

Дасти сунъу қудрати бичўн ӯ дар дарҷи меҳр

Рӯзи равшани чархро як пораи лаъл ноб дод

Оташӣ аз меҳр дар боро з гардун барфурӯхт

Ханҷари заррини хуршеди фалакро тоб дод

Рустами андари гӯша ӣ майдони мардӣ гарм кард

То зи гардӣу далерии молаш Суҳроб дод

То кунад ҳукми кавокиб чун мунаҷҷим аз расад

Тири пери чархро аз меҳр устурлоб дод

Бандаеро дар замонаи хор ва беодоб кард

Бандаеро бебаҳона дар ҷаҳон одоб дод

Ғофилонро дар миёнаи дидаҳо дар хоб кард

Оқилонро бар канораи дида ӣ бехоб дод

НоМуродиро миёни хоку хокистари нишонд

Сарфарозиро смўру қоқм ва санҷоб дод

Кофаронро аз надам бут доду зуннору салиб

Муъминонро аз карами саҷҷода ва миҳроб дод

Ҳар ки дар тоъати ду то қомат нашуд ҳамчун камон

Бар мисоли тир аз пеши худаш партоб дод

Саҷда кун пеши мусаббиби зон ки набӯд бе сабаб

Гар мусаббиби бандаеро дар ҷаҳон асбоб дод

Чун ба ғори асҳоби Каҳфи эзад таъолӣ хостанд

Аз худовандии худ давлат бидон асҳоб дод

Сокинони ғори азлат аз лақо дар хоб кард

Ташнагони роҳи ваҳдат аз ато ҷлоб дод

Аршро аз иззати худ ин ҳама таъзим кард

Фаршро аз қудрати худ ин ҳама эъҷоб дод

Подшоҳии кӯ дар ваҳдат ба рӯй кас набаст

Аз дар худ халқро умеди фатҳ албоб дод

Нозанинони раёҳини чеҳраро шодоб кард

Наварӯсони чаманро зулфи мишкӣн тоб дод

Дар бар дӯшизагони боғу мисатони чаман

Ҷомӣ аз ваҳдат ба дасти лола ӣ сероб дод

Номадориро з шавкат дод сим бе шумор

Сӯгвориро зи ҳайрати ашк чун симоб дод

Гарчи қуллобаст ин дунёии дун бе вафо

Нақди ҷумлаи мардумон дар дасти ин қуллоб дод

Чарх чун дарёӣ дулобаст , зудаш дарнавард

Зонкаҳ мехоҳам азин дарёӣ чун дулоб дод

Онкӣ даъвӣ кард бемаънӣу ғарқи ҷаҳл буд

Бо сару риши мурассаъи ҷон дар он ғарқоб дод

Ақлу фаҳму ҳушу ҳонгу донишу тадбиру рой

Ҷисму ҷону илму ҳикмат аз карам ваҳоб дод

Табъи шеъру эътиқоди хубу имони дуруст

Шукр кун ҳайдар ки аз фазлат аўлўололбоб дод