Дӯш аз лабат рабӯдаам эй меҳрбони шукр

Пайдост дар баёни ман имрӯзи он шукр

Чун не ба хизмати ту басӣ бастаам миён

То ҳамчуи не гирифтаам андари даҳони шукр

Дар умри худ лабами зи лабати як шукр гирифт

Оре ба кил мебифурӯшад аз он шукр

Аз тоби офтоби рахт то нагардад об

Шуд зери сояи хати сабзаши ниҳони шукр

Пеш аз хати влби ту нигоро надида ам

Дигар ки аз набот кунад сояи бони шукр

Ҷонами фидои он лаби ҷонон ки ме диҳад

Аз завқи андакӣ ба мазоқами нишони шукр

Ёди лабат чу мегузарад бар забони ман

Ҳоле ҳаме шавад зи забонами равони шукр

Васфи лабати ниҳоди шукр дар даҳони ман

Гар беш аз ин бигӯям гардад забони шукр