Дамии висоли ту аз ҳар чаҳ дар ҷаҳони хуштар

Шабии хаёли ту аз малики ҷовдони хуштар

Агар ба ҳиҷри гудозӣ вагар висоли диҳӣ

Ҳар ончии рои ту фармон диҳад ҳамон хуштар

Ки гуфт каз рухи ту моҳи осмони беҳтар

Ки гуфт каз қади ту сарви бӯстони хуштар

Мудом бар тарафи ҷӯйбори дидаи ман

Хаёли сарви қади ёри дили ситони хуштар

з ҳар хушӣу саодат ки дар ҷаҳон бошад

Ҳузури дилбару дидори дӯстони хуштар

Рухам ба таънаи бадхоҳи каҳрабое ба

Лабат ба хандаи нӯшин шкрФшони хуштар

Биё ки васли ту аз ҳар хушӣ ки ном баранд

Ба назд ошиқи маҳҷӯри нотавони хуштар

зи хоки кӯии ту гардӣ ба назд чашм ҳамам

зи хулду кавсару фирдавс ва аз ҷинони хуштар