Дар паии он май давиди дил ки нигорӣ куҷост

Навбати хубони гузашти шоҳиди мо вақти мост

Бар сари оби ҳаёт хайма зада ҷони мо

Ин тани хокии давони баҳр саробӣ чарост

Бар дар бегонагони ҳарза чаро ме рӯем

Дӯст чу ҳам хона шуд хуштар аз ӣнҷо куҷост

Бо хабаронро з дил нест сари обу гул

Гӯи ғам ?дане махӯр ин на ҳадис шумост

Олами ҷонро хушаст обу ҳавои хокён

Рӯй бидонҷо ниҳанд манзили гули нори мост

Булбули ҷон дар қафас ҳеҷ намезад нафас

Буи гулистон шунид азм сафираш куҷост

Чун ба гулистон равад ҳамдам ризвон шавад

Маҷмаъи рӯҳонӣони манзили айш ва сафост

Ҳар ки ба эшон расед диду забони дркшид

Ваон ки ҳадисӣ шунид ғофил аз ин моҷарост

Фош макун Эйҳамам рози дили хеш ро

Муҳаррами ин моҷарои самъ дил ошност