Моҳи рӯйони зулфи мишкӣнро парешон карда анд

Ошиқони ?данеу дайн дар кор эшон карда анд

Нури субҳ аз пардаи шаб ошкоро ме шавад

Гар чаҳ оризро ба зери зулф пинҳон карда анд

Шоҳидон дар шаҳри арзи сӯрат худ дода анд

Зоҳидии майлӣ ба роҳ бут прессатон карда анд

Бедилони ғавғо ба кӯй дӯстон оварда анд

Булбулони масти оҳанг гулистон карда анд

Ақлҳои мо зи чашми масташон лоиъқил аст

Зулфҳо дилҳои моро гӯй чавгон карда анд

Пеш аз ин дар маҷлиси рӯҳонӣони арвоҳи мо

Бо ҷамоли шоҳидони майлӣ фаровон карда анд

Ҷони мо дар қолаб хокӣ намегирад қарор

Дар қафаси мурғони ваҳширо ба зиндон карда анд

Ҳар нисории лоиқ хубон набошад лоҷарам

Меҳрварзон бар сари эшон дил афшон карда анд

То намонад обрӯеи чашмаи хуршед ро

Офтоб рӯй эшонро дирафшон карда анд

Чунҳамам онҳо ки чашми ним мастат дида анд

Пушт бар хами хонаҳои мефурӯашон карда анд