Агар тариқа он дилрабост ишвау ноз

Вазифаи ман ошуфта нест ғайри ниёз

Манам чу шамъу ғами ишқи дӯст чун оташ

Марои насиба аз он оташаст сӯзу гудоз

Гуҳии зи фикр даҳонаш марост айшии танг

Гуҳ аз ҳавои қад ӯ марост умри дароз

Дило чу дида бидӯзӣ з дид ҳар ду ҷаҳон

Чу шоҳбоз кунӣ дида бар рухи шаҳи боз

Касе ки сари ҳақиқат шинохт медонад

Ки дар тариқати ушшоқ ишқ нест муҷоз

Ниёзу дард буд зхти ошиқи содиқ

Нмихрнди ббозори ишқи зуҳду намоз

Қиморхонаи риндон покбоз ӣнҷост

Биёу нақди ду олами бзрбаҳ эй дар боз

Ҳиҷоби хеши тўӣӣ чун бтрки худ пўӣӣ

Даруни хилват хосат кунанд муҳаррами роз

Ҳусайни бандагии дӯсти кор ушшоқ аст

з бандагӣаст ки ошиқ кашад зи дилбари ноз