Зиндагонӣ бе рухи дилбар наме бояд маро

Дӯст май бояд касе дигар наме бояд маро

Чун бирафт аз пеши ман он моҳи тобони баъд аз ин

Тобиши моҳу шуъоъи хур наме бояд маро

Халқ мехоҳанд ҳуру равзаи ризвон вале

Ҷузи висоли он парии пайкар наме бояд маро

Гар бубинами қад ӯ ҳаргиз ба тӯбо нанигарам

Вар биёбам лаъл ӯ кавсар наме бояд маро

Чун муаттар шуд машомам аз насими мӯӣ ӯ

Буии машку накҳати анбар наме бояд маро

Чун мунаввар гашт рӯем аз фурӯғ рӯй ӯ

Партави меҳру маи анвар наме бояд маро

Ёрб он давлат диҳад дастам ки гуяд он санам

Ҷузи ҳусайни хастаи абтар наме бояд маро